Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 430 | Санаи нашр: 15 Ноябр 2022

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН КАФИЛИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ДАВЛАТӢ

Таърих гувоҳи он аст, ки дар марҳилаҳои гуногуни давлатдорӣ рушди давлат, таъмини сулҳу субот ва амнияти давлату ҷамъият ва шаҳрвандони он аз пешвоён, сарварони давлат, шахсиятҳои сарсупурдаву фарзонаи миллат, арбобони баргузидаи сиёсиву ҷамъиятӣ вобастагии амиқ дорад. Ҳаёти сиёсӣ аз раванду ҳодисаҳо ва муносибатҳои мухталифу ба ҳам зид, муқовиматомезу моҷарогар ва мутаносибу мутассил дар ҷомеа таркиб ёфтааст. Шахсони зиёде дар масири таърих буданд ва ҳастанд, ки ба ҳаёти ҷомеаву давлат такони пурзўре додаанд. Бузургии ин гуна инсонҳо дар он аст, ки тавонистаанд манфиатҳои умумии миллату давлатро ифода намоянд ва баҳри ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ дар умум ва  истиқлолияти давлатӣ, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ва ё амнияти дохиливу берунии давлат, тамомияти арзӣ дар алоҳидагӣ кўшишҳои зиёде ба харҷ диҳанд. Яке аз чунин шахсон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллати тоҷикистониён, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатии мамлакат мавқеи махсусро дар таъмини амнияти инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлатро доро аст. Зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва суботи сиёсӣ дар мамлакат, рушду устувории иқтисодиёти кишвар, тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ягонагии халқ, пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият, тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳади давлатӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди он, фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар асоси ҳамшарикӣ, ки унсурҳои асосии манфиатҳои миллиро ташкил медиҳанд, нақши муассир доранд.

Дар таърихи 5 ноябри соли 2016 дар суханронии худ, бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат буда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардида, ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванд, кулли ҷамъият ва давлат ба шумор меравад. Яке аз вазифаҳои аввалияти инкишофи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатдории имрӯзаи тоҷикон ҳимояи амнияти миллӣ, бахусус амнияти давлатӣ мебошад. Дар шароитҳое, ки имрӯз ҷой доранд, таҳдидҳо ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии арзӣ фаъол гардида истода, зарурияти таъхирнопазирии объективӣ, ҷиҳати аз ҷониби давлат нишон додани муқовимат ба чунин омилҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллӣ (ба монанди экстремизм, терроризм, сепаратизм) ба миён омадааст

Бо мақсади ҳалли самараноки чунин вазифаҳо ба дӯши давлат мушкилӣ оид ба кор карда баромадани маҷмӯи чораҳо ва воситаҳо, ки баҳри пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили шахсият ва ҷамъияту давлат равона мегарданд, ба миён меояд. Дар чунин ҳолатҳо зарур аст, ки чораҳои саривақтӣ ва самаранок қабул карда шаванд, ки баҳри пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат ва дигар ҷиноятҳое, ки ба ноором сохтани давлат равона гардидаанд, кифоя бошанд. Вобаста ба пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат, бахусус терроризму экстремизм, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои байналмилалӣ ба монанди Конвенсияи Шанхай бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 30 январи соли 2002 таҳти рақами №513, Протокол дар бораи тамдиди Шартномаи амнияти коллективӣ аз 15 майи соли 1992, Қарор дар бораи Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроваронаи экстремизм аз 1 октябри соли 2006 таҳти рақами №373, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқии Хитой оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 2 сентябри соли 2003, Шартномаи байни Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар хусуси ҳамкории муштарак доир ба мубориза алайҳи терроризм, экстремизми сиёсӣ ва динӣ, ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ ва дигар таҳдидҳои устуворӣ ва амнияти тарафҳо аз 8 ноябри соли 2000 таҳти рақами №161 ва санадҳои дохилӣ, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 ноябри соли 2013, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) аз 28 марти соли 2006, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 аз 12 ноябри соли 2016 таҳти рақами №776 қабул шудаанд, ки онҳо баҳри таъмини асосҳои сохти конститутсионӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ, дахлнопазирӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии фаъолияти террористӣ, тахрибкорӣ (диверсионӣ), ифротгароии (экстремизми) сиёсӣ дар ҳама гуна шакли он, аз ҷумла барангехтани бадбинӣ ё хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ё гурӯҳӣ равона шудаанд.

Санаи 8 декабри соли 2003 дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул гардид, ки дар он асосҳои ҳуқуқи мубориза бар зидди экстремизм, татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм, таъмини ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди экстремизм, муайян намудани асосҳои ҳуқуқию ташкилии мубориза бар зидди фаъолияти экстремистӣ, муқаррар намудани ҷавобгари барои амалӣ шудани он, ташаккули вазъи тоқатнопазирӣ дар байни мардуми ҷумҳурӣ нисбати экстремизм, инчунин ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ, рафъи сабабҳо ва шароитҳое, ки ба пайдошавии экстремизм мусоидат мекунанд, мустаҳкам карда шуд.

Дар таъмини амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 хеле назаррас буд. Стратегияи мазкур ҳамчун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда буд. Дар натиҷа, дар доираи амалисозии Стратегияи мазкур тадбирҳои зерин амалӣ шуданд, ки дар муқовимат бо экстремизму терроризм самаранок истифода гардида истодаанд:

- қабул гардидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018, №1042 «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин»;

- 2 январи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» қабул карда шуд, ки он ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ дар ин самт, шаклу намудҳои ҷавобгарӣ барои амалҳои экстремистӣ, инчунин чораҳои пешгирии фаъолияти экстремистиро муайян менамояд;

- фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018, №1033 «Дар бораи Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025» қабул карда шуд;

- ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм тақвият бахшида шуда, дар ин радиф Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори як қатор конференсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла конференсияҳои сатҳи баланд дар ин самт баромад намуд. Чунончи, дар натиҷаи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд аз 4 майи соли 2018 таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва экстремизми хушунатомез» Эъломияи душанбегии СММ қабул карда шуд.

26 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳори назар карда, ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш дода буданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот дар муҳлати се моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» - ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Санаи 28 ноябри соли 2019 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ таҳти № 1516 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро қабул намуд ва он аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 декабри соли 2019 таҳти № 714 ҷонибдорӣ карда шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 2 январи соли 2020 ба он имзо гузоштанд.

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Муҳаққиқ, олими барҷастаи соҳаи сиёсатшиносӣ С. Ятимов таҳдиди терроризму экстремизм, хиёнат ба давлату миллатро дарк намуда, дуруст қайд менамояд, ки хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Терроризм, экстремизм, дигар намуди тахрибкорӣ ба муқобили ҳар кадом субъекти муносиботи байналхалқӣ, давоми сиёсати хориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад. Дар он маҷмӯи имконоти давлати ташаббускор, пеш аз ҳама, захираҳои ақлонӣ ва амалии он истифода мешаванд. Бе донистани моҳият (ҷавҳар)-и чунин тахрибкорӣ, ғаразҳои аслии аъмоли душман, раванд ва қонуниятҳои он, мубориза бо чунин зуҳурот номумкин аст. Дар муқобили доноӣ ва амалкарди бадхоҳон, фақат тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зиддимиллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарии мақсаднок ғолиб омада метавон

1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд. Ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавии миллӣ стратегияи мазкур баҳри тақвияти муқовимат бо терроризм ва экстремизм заминаи ҳуқуқӣ дошта, дар доираи он аксари масоил бо назардошти вазъи муқовимат бо ин зуҳурот дар кишвар ва таҷрибаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои  узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, тавсияҳои СММ  пешбинӣ гардидааст. Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

Қабули Кодекси ҷиноятии ҶТ, Қонунҳои конститусионии  Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон», Қонунҳои ҶТ «Дар бораи амният», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», ки баҳри таъмини амнияти давлатӣ равона гардидаанд, бо саҳм ва ташаббуси ҳуқуқэҷодкунии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошанд.

Мубориза бар зидди ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат, кор карда баромадани роҳҳои самараноки пешгирии чунин ҷиноятҳо доимо зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро, дар ҳар як Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи таҳдиди ифротгароӣ, терроризм ва ҷиноятҳои муташаккил ба давлату ҷамъият масъаларонӣ, пешниҳодҳо ва вазифаҳои мушаххас матраҳ карда мешаванд.

Сарвари давлат дар масъалаҳои таҳким ва ҳифзи истиқлолият, пеш аз ҳама, ба ҷаҳонбинӣ, маърифати баланд, нангу номус ва масъулиятнокии мардуми бофарҳанги Тоҷикистон такя мекунад. Ҳидоят менамояд, ки миллат дар амал, марҳилаҳои ҳассосу мушкилофари хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро сарбаландона паси сар кунад. Ҳар фард дар алоҳидагӣ моҳияти Ватан ва масъулияти ватандориро эҳсос намояд. Фикру андешаи худро дар тарозуи ақл баркашад. Гузашта ва имрўзаро воқеъбинона муқоиса ва таҳлил кунад. Хулосаи баробарвазн ба хақиқат барорад. Барои рушди миллӣ чӣ зарур ва чӣ зарар доштанашро мустақилона муайян кунад (Ятимов С.С. «Хирадсолорӣ ва оини ватандорӣ». Маҷаллаи «Илм ва ҷомеа» № 2, соли 2019)

Ҳамин тавр, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллати тоҷикистониён, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини амнияти давлатӣ, пойдории сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, якпорчагии давлат басо назаррас арзёбӣ карда мешавад. Ҳар як шаҳрванде, ки худшиносу худогоҳ, дорои фарҳанги (ҳуқуқиву сиёсӣ) баланд ва зиракии сиёсӣ мебошад, сиёсати хирадмандонаи (адолатмеҳварии) Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки баҳри ободиву осудагии мамлакат равона карда шудааст, қотеъан бояд ҷонибдорӣ кунад ва ҳаргиз нагузорад, ки дигар ҳар як ифротиву хоин, душмани миллату давлат, разилу ғаддор, нафратзадаву бадгуҳар афкору ақидаҳои ғаразноку иртиҷоии худро дар сарзамини биҳиштосои мо амалӣ кунанд.

 

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

профессор, сардори раёсати илм

ва иноватсияи Донишгоҳи давлатии

тиҷорати Тоҷикистон

Қудратзода Некруз Абдунабӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top