Пешгирии амалҳои номатлуб дар ҷомеа

Бинанда: 225 | Санаи нашр: 31 Октябр 2022

26 - уми октябри соли равон дар донишгоҳ дар доираи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони адлияи  дараҷаи якум Баҳром Шомирзода ва Мӯқимзода Азим, инчунин прокурори калони раёсати назорати  иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари ниҳоди зикгардида, мушовири адлияи дараҷаи якум Мурод Ҳусейнзода бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ баргузор намуданд.

Вохӯриро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов оғоз намуда, доир ба муҳиммияту мубрамияти мавзӯъҳои матраҳшуда ибрози андеша кард.

Сипас Баҳром Шомирзода ва Мурод Ҳусейнзода доир ба стратегияи зикршуда, пешгири воридшави ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, барнома “Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ барои солҳои 2019 – 2023” суханронӣ намуда, ба суолҳои аҳли толор посух гуфтанд.

Инчунин, ба донишҷӯён филмҳои мустанади тарбиявию маърифатии “Хиёнат” ва “Шикасти фитна” намоиш дода шуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top