Ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз

Бинанда: 262 | Санаи нашр: 01 Октябр 2022

Шоми 1-уми октябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки дар он ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки аз суруду таронаҳо дар ситоиши Ватан, сулҳу ваҳдати миллӣ, озодию истиқлол ва рақсҳои ҷолиб иборат буданд, пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ намояндаи раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Юсуф Ғаффорзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабинии фарҳангию фароғатӣ изҳори сипос намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top