ВОЛОНТЁРӢ ШАРАФ АСТ

Бинанда: 175 | Санаи нашр: 23 Сентябр 2022

Санаи 23.09.2022 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байнламилалӣ дар мавзӯи “Волонтёрӣ шараф аст”, ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбари гурӯҳи волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” Нурзода Раббонӣ, сардори раёсати корҳои тарбиявии ДДТТ Хубони Сорбон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шамс Ниёзов ва донишҷӯёни фаъоли факултет (волонтёрон) иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини декан оид ба тарбия Ҷовидон Сафаров оғоз намуда, доир ба фаъолияти  волонтёрӣ, ки мактаби бузурги худташаккулдиҳӣ ва фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, суханронӣ намуд.

 Сипас роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” Нурзода Раббонӣ дар мавзӯи зикргардида суханронӣ намуд.

Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки мактаби волонтёрӣ ба дарахте шабоҳат дорад, ки меваҳояш ҷавонони фаъолу донишманд, накукору хайрхоҳ ва пешбарандаву ояндаи Ватани азиз мебошанд. Дар ҳақиқат сафи волонтёронро беҳтарин ҷавонони фаъолу ташаббускор фаро гирифтааст, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, дӯстиву рафоқат ва самимияту меҳрубонӣ нисбати якдигар, рӯз аз рӯз дар ободию шукуфоии кишварамон саҳми назаррас мегузоранд.

Мо-ҷавонон ҳамчун пайравони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоем, ки дар ободиву пешравии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо гузорем.

 Дар воқеъ, мо – ҷавонони кишвар хушбахттарин наслем, ки дар фазои сулҳу субот таҳти сарварӣ ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат зиндагӣ ва кору фаъолият дорем.

Дар хотимаи ҳамоиш сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Хубони Сорбон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шамс Ниёзов доир ба фаъолияти волонтёрӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳарф зада, нақши онҳоро дар пешрафт ва рушди донишгоҳ шоиста арзёбӣ намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top