Дар доираи масоили мубрам

Бинанда: 188 | Санаи нашр: 21 Сентябр 2022

21 – уми сентябри соли 2022 дар донишгоҳ сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Хубони Сорбон ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шамс Ниёзов бо аъзои созмони ҷавонон ва ризокорон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ  Хубони Сорбон доир ба сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии гаравидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро, боло бардоштани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ифтихори меҳандории ин қишри ҷомеа, арҷгузорию эҳтиром ба падару модар ва дигар масоили мубрам суханронӣ кард.

Сипас Шамс Ниёзов низ дар доираи масоили мавриди назар ибрози андеша карда, таъкид намуд, ки донишҷӯён бояд дар вазъияти мураккаби замони муосир ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва баҳри ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ кӯшиш кунанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top