Зодрӯз муборак!

Бинанда: 215 | Санаи нашр: 15 Сентябр 2022

Имрӯз (15.09.2022) олими шинохтаи соҳаи иқтисод, профессори кафедраи назарияи иқтисодӣ Бобокалон Исоматов зодрӯз доранд. Устод дар байни кулли омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ба обрӯву нуфузи шоиста сазовор ҳастанд. Барои фаъолияти пурсамар дар ҷодаи илм, ба унвони фахрии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб гардидаанд.

Раёсат, ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Бобокалон Исоматовро ба муносибати зодрӯзашон табрику шодбош гуфта, ба устод саодатмандиву нерӯмандӣ ва хушиҳои зиндагиро орзу менамоянд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top