Семинари омӯзишӣ

Бинанда: 619 | Санаи нашр: 01 Март 2022

1-уми марти соли равон дар донишгоҳ дар доираи лоиҳаи “Таҳияи дастурамал оид ба гузаронидани таҳлилҳои миқдорӣ ва ҷорӣ намудани он дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон” силсиласеминарҳои омӯзишӣ таҳти унвони “Истифодаи барномаҳои таҳлилии омории STATA ва SPSS” оғоз гардид. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Институти “Ҷамъияти Кушода” - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст.

Семинарро сардори раёсати илм ва инноватсия Муҳитдин Ҳамитов  бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд.

Сипас ментор Лоиқ Миров ба ҳайси намояндаи Маркази зеҳни сунъии TajRupt дар Осиёи Марказӣ доир ба истифодаи самаранок ва афзалиятҳои барномаҳои зикршуда суханронӣ кард.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси талаботи маҷаллаҳои илмие, ки дар Scopus ва Web of Science ба қайд гирифта шудаанд, олимон бояд аз истифодаи барномаҳои STATA ва ё SPSS ҷиҳати гузаронидани таҳлилҳои миқдорӣ ва эмперикӣ (амалӣ) истифода баранд.

Дар қисми хотимавии семинар дар байни Лоиқ Миров ва иштирокчиён доир ба мавзӯи мавриди назар табодули афкор сурат гирифт.

Силсиласеминарҳо то 12-уми март идома меёбанд.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top