Семинар дар доираи барномаи MIETC

Бинанда: 630 | Санаи нашр: 30 Ноябр 2021

Санаи 29 ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинар дар доираи лоиҳаи муштараки Erasmus+КА2 - MIETC “Таҳияи барномаи магистрӣ оид ба идоракунии соҳибкории саноатӣ дар мамлакатҳои иқтисодашон дар давраи гузариш” баргузор гардид.

Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур таҳия ва татбиқи барномаи магистрӣ дар самти идоракунии соҳибкории саноатӣ дар донишгоҳҳои ҳамкор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Туркманистон мебошад. Дар ин самт ба онҳо намояндагони донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Испания, Италия ва Словения ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Дар семинари мазкур намояндагони донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Испания ва Қазоқистон, ҳамчунин Директори дафтари миллии барномаи Erasmus+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Нуриддинова иштирок намуданд. Ба тариқи маҷозӣ дар семинар намояндагони донишгоҳҳҳои Италия, Словения ва Туркманистон низ ширкат намуданд.

Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ ба муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фарҳод Шаропов оғоз намуда, ҳозиринро аз номи раёсати донишгоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, зарурат ва аҳамияти таҳия ва татбиқи барномаи магистрии идоракунии соҳибкории саноатиро хеле муҳим арзёбӣ намуд. Махсусан қайд гардид, ки мақсаду вазифаҳои лоиҳа бо ҳадафи навбатии стратегии ҷумҳурӣ, яъне саноатикунонии босуръати иқтисоди кишвар робитаи зич дошта, барои омода намудани мутахассисони ин соҳаи муҳим мусоидат хоҳад намуд.

Сипас ҳамоҳангози барнома аз донишгоҳ Заррина Қодирова ва Директори дафтари миллии барномаи Erasmus+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Нуриддинова оид ба муҳиммияти татбиқи босуваффақияти лоиҳа ибрози ақида намуданд.

Ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур Анхел Дуерта аз Донишгоҳи Сантяго де Компостеллои Шоҳигарии Испания оид ба масоили идоракунӣ ва танзими молиявии ва профессор Мануел Фернандес (тариқи маҷозӣ) оид ба таҳияи барномаи таълимии магистрӣ ва инчунин раванди гузаштан аз аккредитатся маърӯза намуданд. Ҳамчунин Аҳрор Ҷаъфаров ва Шокир Мирзоев аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Муҳаммадалӣ Эшов аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пиромуни ҷанбаҳои алоҳидаи лоиҳа баромад намуданд.

Дар хотимаи семинар Фарҳод Шаропов ба иштирокчиён изҳори сипос намуда, эшонро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи судманд ва таҳиву татбиқи барномаҳои муштарак даъват намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top