Вохӯрӣ дар хобгоҳи донишҷӯён

Бинанда: 185 | Санаи нашр: 16 Феврал 2021

Бо мақсади шиносоӣ бо ҷойи зист ва вазъи хобгоҳи донишҷӯён аз ҷониби аъзои раёсати донишгоҳ: Саидов С. – муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, Ҳамитов М. – сардори раёсати таълим, Авғонов С. – сардори раёсати корҳои тарбиявӣ, Қурбонов А. – декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, Муртазоев О. – декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ, Ҷабборов А. – декани факултети иқтисод ва тиҷорат, Нурдинов Б. – декани факултети молия ва қарз, Мараимов Б. – мудири шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, Ниёзов Ш. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Садиров Н – сардори раёсати хоҷагидорӣ ва Бобоева М. – коменданти раёсати хоҷагидорӣ бо донишҷӯёни дар хобгоҳҳои №1 ва 2 истиқоматкунандаи донишгоҳ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Ашхоси зикргардида зимни суханронӣ дар бораи тозаю озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳо, толори хониш, ошхона, риояи дурусти қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ ҳарф зада, ҳамзамон, фикру дархости эшонро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити ҷойи зист ба назар гирифта, таъкид намуданд, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ эҳтиёткор бошанд ва неруи барқро сарфакорона истифода баранд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top