Дар доираи барномаи Эразмус+

Бинанда: 614 | Санаи нашр: 05 Феврал 2021

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар доираи барномаи Эразмус+ КА1 (табодули академӣ) ва КА2 (рушди иқтидори донишгоҳ) бо донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба роҳ мондааст.  

5-уми феврали соли ҷорӣ, дар доираи лоиҳаи Эразмус+, MIETC (барномаи магистрӣ дар соҳаи манеҷменти соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои иқтисодашон дар ҳолати гузариш), ки донишгоҳ узви фаъоли он мебошад, аз ҷониби ҳамоҳангсози миллии лоиҳа Мадина Юcсубалиева аз Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ семинари муштарак ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи забондонии омӯзгорони донишгоҳ, ки аз фанни иқтисодиёт бо забони англисӣ дарс мегӯянд, гузаронида шуд.

Мавриди зикр аст, ки семинар-омӯзиши мазкур дар як ҳафта ду маротиба ба тариқи Zoom баргузор мегардад.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top