Мониторинги лоиҳаи MIETC

Бинанда: 762 | Санаи нашр: 28 Декабр 2020

28-уми декабри соли равон дар доираи лоиҳаи MIETC - “Барномаи магистрӣ дар соҳаи манеҷменти соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои иқтисодашон дар давраи гузариш”, ки аз ҷониби барномаи аврупоии Эразмус+ дастгирӣ ёфта истодааст, мониторинги лоиҳа  бо иштироки ҳамоҳангсози Дафтарии миллии Эразмус+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Нуриддинова ва намояндагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Вохӯриро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Заррина Қодирова оғоз ва иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, доир ба нақши Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷкистон дар таҳияи ва татбиқи лоиҳаи MIETC сухан гуфта, зикр  намуданд, ки кунун дар донишгоҳ ба сабаби пандемияи короновирус татбиқи лоиҳаи зикршуда ба тариқи оналайн ба роҳ монда шуда истодааст. Сипас, Заррина Нуриддинова дар бораи иштироки фаъолонаи аъзои гурӯҳи кории лоиҳа ва татбиқи он  пешниҳодҳои худро иброз намуданд.  

Бояд қайд намуд, ки  яке аз мақсадҳои асосии лоиҳаи MIETC сайқал додани маҳорату малакаи забономӯзии омӯзгорони донишгоҳ (забони англисӣ дар назар аст), ки аз фанҳои соҳаи иқтисодиёт дарс мегӯянд, ба ҳисоб меравад. Дар доираи лоиҳа донишгоҳҳо аз  Испания, Италия, Словения, Ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Қазоқистон низ ҷалб гардидаанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён доир ба дигар ҷанбаҳои лоиҳа табодули афкор намуданд.

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули акдемӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top