Дар доираи барномаи MIETC

Бинанда: 604 | Санаи нашр: 24 Декабр 2020

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо Донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи барномаи MIETC – барномаи магистрӣ дар соҳаи манеҷменти соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои иқтисодашон дар ҳолати гузариш ба роҳ мондааст. 24-уми декабри соли 2020 аз ҷониби раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ вохӯрии онлайнӣ дар доираи барнома бо мақсади оғоз бахшидани даври дуюми забономӯзӣ барои омӯзгорони донишгоҳ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ Мадина Юсубалиева, ҳамоҳангсоҳи курсҳои онлайнӣ аз Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ ба номи Даулет Серикбаев, Динара Дугалова, аз маркази забономӯзии OLS ва омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуданд.

Вохӯриро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илми иқтисод Заррина Қодирова оғоз  намуда, иштирокдоронро аз номи ректор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат хайрамақдам гуфт ва ба онҳо барои муваффақона ҷамъбаст кардани  даври якуми забономӯзӣ изҳори сипос намуд. Инчунин, Заррина Қодирова ба ҳамоҳангсоҳи курсҳои онлайнӣ аз Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ Мадина Юсубалиева барои ба вуҷуд овардани шароит хуб ба омӯзгорон дар давраи омӯзиши забони англисӣ миннатдории худ ва ҳайати ҳамкоронро баён намуд.

Мадина Юсубалиева платформаи OLS-ро барои иштирокчиён муаррифӣ намуда, омӯзгоронро даъват кард, ки дар даври дуюми омӯзиши онлайнии забони англисӣ дар платформаи OLS низ иштирок намоянд.

Сипас, Динара Дугалова, намояндаи Маркази забономӯзии OLS ба иштирокдорон доир ба платформа маълумоти пурра ва маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд. Дар фарҷоми вохӯрии онлайнӣ нотиқон ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top