РӮЗИ ИТТИЛООТИИ БАРНОМАИ ЭРАСМУС +

Бинанда: 843 | Санаи нашр: 23 Май 2024

Дафтари миллии Эрасмус+ дар Тоҷикистон 25-уми майи соли 2024, соати 10:00 рузи иттилоотиро дар мавзуи  “Рӯнамои барномаи Эрасмус+: Имкониятҳо ва имтиёзҳо”  баргузор менамояд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ – ҷалби таваҷҷуҳи донишҷӯёну магистрантон ва доираҳои илмию тадқиқотии муассисаҳои олии касбии кишвар барои иштирок дар Барномаи Эрасмус+ ба ҳисоб меравад. Барномаи мубодилавии Эрасмус+ яке аз имкониятҳои беҳтарин барои гирифтани таҳсилот аз хориҷи кишвар барои донишҷӯён мебошад.

Масъалаҳои муҳокимашаванда дар рӯзи иттилотии барномаи Эрасмус+ :

- Эрасмус+ ва ҳадафҳои асосии он.

- Баррасии имкониятҳои мавҷуда барои МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорон ва донишҷӯён;

- Барномаи Эрасмус+ барои рушди таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он;

- Арзёбии таъсири лоиҳаҳои Эрасмус+ ба низоми таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Имтиёзҳо дар раванди иштирок дар барномаи Эрасмус+;

- Андешаҳои иштирокчиёни Эрасмус+ оид ба муваффақиятҳои худ.

 

Ба рӯзи иттилоотии барномаи ЭРАСМУС+ донишҷӯёну магистрантон ва доираҳои илмию тадқиқотии муассисаҳои олии касбии кишвар, ки нисбати барномаи ЭРАСМУС+ таваҷҷуҳ доранд, тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ (онлайн) даъват карда мешаванд.

 

МАНБА БАРОИ ВОРИД ШУДАН: https://meet.google.com/gxa-bkkt-ihs

 

Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 25-уми майи соли 2024, соати 10:00, дар бинои №1, ошёнаи 4, толори дисертатсионӣ, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top