ЭЪЛОН ОИД БА ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ

Бинанда: 399 | Санаи нашр: 30 Март 2022
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро барои таҳсил дар  Донишгоҳи давлатии технологияи саноатӣ ва дизайни шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия  дар доираи барномаи табодули академӣ барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2022-2023 эълон менамояд.

Талабот барои довталабон:

1. Шаҳодатномаи донистани забони рӯсӣ ва англисӣ
2. Транскрипт (ҳадди ақали GPA 3.5)
3. Мактуби асосноккунӣ (мотивационное письмо)
4. Тавсиянома (2 адад)
 
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо тариқи хаттӣ ва электронӣ ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ (бинои асосии донишгоҳ, ошёнаи 1, утоқи 107) муроҷиат намоед.
 

Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо - 10 майи соли 2022

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top