ЭЪЛОН ОИД БА ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ

Бинанда: 291 | Санаи нашр: 28 Март 2022
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро барои таҳсил дар  Донишгоҳи Кемёнги Кореяи Ҷанубӣ дар доираи барномаи табодули академӣ барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2022-2023 эълон менамояд.

Талабот барои довталабон:
1. Шаҳодатномаи донистани забони англисӣ (Upper-Intermediate level)
Шаҳодатномаи донистани забони кореягӣ бештар дастгирӣ меёбад.
2. Транскрипт (ҳадди ақали GPA 3.5)
3. Мактуби асосноккунӣ (Motivation Letter)
4. Тавсиянома (2 адад)

Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо: - 20 апрели соли 2022

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо тариқи хаттӣ ва электронӣ ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ (бинои асосии донишгоҳ, ошёнаи 1, утоқи 107) муроҷиат намоед.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top