ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ

Бинанда: 255 | Санаи нашр: 28 Март 2022

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро барои таҳсил дар Донишгоҳи Кадиси Испания дар доираи барномаи табодули академии Эразмус+ КА107 барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2022-2023 эълон менамояд.

Талабот барои довталабон:

  1. Дипломи дараҷаи бакалавриат (барои зинаи MasterDegree) 
  2. Дипломи дараҷаи магистратура (барои зинаи PhD Degree) 
  3. Шаҳодатномаи донистани забони англисӣ (барои зинаи Master Degree ваPhD – minimum advanced in social and economic sciences ). Барои зинаи бакалавриат дотшани сертификати забони испанӣ (минимум B1).
  4. Транскрипт (ҳадди ақали GPA 3.5)
  5. Мактуби асосноккунӣ (Motivation letter)
  6. Лоиҳаи рисолаи магистрӣ ва ё докторӣ (Project Proposal)
  7. Тавсиянома (2 адад)

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо тариқи хаттӣ ва электронӣ ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ (бинои асосии донишгоҳ, ошёнаи 1, утоқи 107) муроҷиат намоед.

Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо - 15.04.2022

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top