Таваҷҷуҳ !!!

Бинанда: 796 | Санаи нашр: 16 Феврал 2021

Ба таваҷҷуҳи довталабони макотиби олии кишвар мерасонем, ки 20-уми феврали соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  “Рӯзи дарҳои кушода” баргузор мегардад.

Раёсати донишгоҳ бо мақсади шиносоии довталабон бо заминаи моддӣ-техникӣ, аз ҷумла синфхонаю озмоишгоҳҳои замонавии ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ, марказҳои тестӣ, китобхонаи электронии пайваст бо шабакаи  электронӣ, иқтидори кадрӣ, ҳамкориҳои донишгоҳ бо донишкадаю донишгоҳҳои хориҷи кишвар ва дигар шароитҳои таълим, ки ба боз ҳам беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия мусоидат менамоянд, хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейю гимназияҳоро барои иштирок дар ин чорабинӣ даъват менамояд.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон – ояндаи дурахшони шумост!

Раёсати донишгоҳ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top