РОҲ ЁФТАН БА ОЗМУНИ АРБИТРАЖИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИҶОРАТӢ

Бинанда: 1766 | Санаи нашр: 11 Январ 2024

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ва  фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, зина ба зина амали гардонида мешаванд.

ДДТТ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва омӯзгорон, тарғиби арзишҳои демократӣ, барои мусоидат ба омӯзиш ва амалияи қонуни байналмилалии фурӯши тиҷоратӣ ва ҳакамӣ ба озмуни Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ Willem C. Vis Moot Court ҳуқуқ пайдо намуд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур ҳар сол дар байни донишҷӯёни 88 кишварҳои ҷаҳон гузаронида мешавад. Ҳангоми гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки намояндагони Барномаи Рушди Ҳуқуқи Тиҷоратӣ (CLDP) дастгирӣ дар ташкил намудани омӯзишии ҳарҳафтаинаи 10-моҳа (онлайн) таҳти роҳбарии як ду мушовири байналмилалии коршиноси ширкатҳои ҳуқуқии эътирофшуда ба монанди White & Case LLP –ро таъмин менамоянд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top