Панҷшанбе, 14 Январ 2021 14:37

ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ

Written by

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба роҳандозӣ намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ соли таҳсили 2017-2018 дар сохтори донишгоҳ шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таъсис дода шуд. Ҳоло дар шакли таҳсили фосилавии донишгоҳ 1550 нафар донишҷӯ аз рӯи 11 ихтисоси зерин таҳсил карда истодааст:

  • 250107 – иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхона;
  • 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит;
  • 25010801 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо;
  • 250111 – аудит ва ревизия;
  • 260202 – менеҷмент;
  • 250103 – иқтисодиёти ҷаҳонӣ;
  • 240103 – ҳуқуқи иқтисодӣ;
  • 250104 – молия ва қарз;
  • 25010402 – кори бонкӣ;
  • 25010403 – андоз ва андозбандӣ;
  • 960101 – хадамоти гумрукӣ

Боиси қайд аст, ки соли таҳсили ҷорӣ аввалин донишҷӯёни шакли таҳсилоти фосилавӣ аз рӯи ихтисосҳои 250103 - иқтисодиёти ҷаҳон, 26.02.02 - менеҷмент, 25.01.08 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит донишгоҳро бомуваффақият хатм намуданд.

Таҷрибаи татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ дар донишгоҳ нишон дод, ки шакли таҳсилоти фосилавӣ афзалиятҳои зеринро дорост:

  • сарфаи вақт ва хароҷот барои таҳсил;
  • озодӣ ва чандирии таълим;
  • ба даст овардани малакаи омӯзиши мустақилонаи илму дониш;
  • омӯзиши фанҳои таълимӣ ба таври инфиродӣ;
  • реҷаи мувофиқи таълим;
  • истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ-иртиботӣ;
  • имконияти таҳсил бе тарки истеҳсолот;
  • дастрасии васеъ ба маводи таълимӣ-методии электронӣ;
  • дастрасии омӯзиш барои қишрҳои гуногуни аҳолӣ;
  • дастрасӣ ба захираҳои электронии китобхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ;
  • омӯзиш дар муҳити ором;
  • имконияти омӯзиш дар вақти дилхоҳ ва ҷойи дилхоҳ.

Раёсати донишгоҳ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани шакли таҳсилоти фосилавӣ тибқи барномаи идоракунии раванди таҳсилот- барномаи Moodle-3.3 таҷҳизотҳои техникии зеринро харидорӣ ва васл намуда, мавриди истифода қарор додааст

Донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аввалин шуда, нақшаҳои таълими шакли таҳсилоти фосилавиро барои ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ таҳия намуда, аз ташхиси Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронд ва он аз тарафи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Барномаи мазкур дар асоси омӯзиши таҷрибаи донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таҳия гардида, бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ такмил дода шудааст.

Дар оғози ҳар соли таҳсил, барои донишҷӯёни курсҳои якуми шакли таҳсилоти фосилавӣ курси муқаддимавӣ ташкил карда мешавад, ки дар он ба донишҷӯён тарзи истифодабарии барномаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ – барномаи Moodle-3.3 омӯзонда мешавад. Ҳамзамон, донишҷӯён бо логин ва рамзи худ тарзи истифодабарии барнома, ворид шудан ба кабинети инфиродӣ, шиносоӣ бо фанҳои омӯхташаванда, тарзи супоридани имтиҳонҳо, супоридани корҳои назоратӣ, ба таври онлайн ҳамсуҳбат шудан бо омӯзгори фанниро аз худ менамоянд.

Аз моҳи сентябри соли 2021 Беҳрӯзҷон Бӯриев ба ҳайси сардори шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ фаъолият менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top