Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Раёсати донишгоҳ ҳар яки Шуморо ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон, растагориву иҷобати дуо, хайру саховат ва муҳаббату шавқат аст, аз самими қалб табрику муборакбод менамоянд.

Асосӣ Асосӣ Politika Siyosi Тоҷикистон – маҳди тамаддун, намод аз сулҳ,субот ва тавсеа дар минтақа

Таҳсилоти фосилавӣ

Sample image

Таҳсилоти замонавӣ дар инҷо бунёд мегардад.

Муфаcсал

Робитаҳои байналмилалӣ


Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Муфаcсал

Литсей

Sample image

Литсей дар назди донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Муфаcсал

Китобхона

Sample image

Китобхонаи донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон .

Муфаcсал

Донишгоҳи мо - ояндаи дурахшони Шумо

Хабарҳо

Пули телевизионӣ: «Россия-Тоҷикистон-Қазоқистон-Қирғизистон: ташкил кардани шароити мусоид барои омӯзандагон. Проблемаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо» Пули телевизионӣ: «Россия-Тоҷикистон-Қазоқистон-Қирғи... 19-уми майи соли 2018 дар доираи Форуми III донишҷӯии кишварҳои Созмони ҳамкорихои Шанхай пули телевезионии «Рос...
Ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус Ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус 14-уми майи соли 2018 дар донишгоҳ мулоқоти ректор, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н., муовини рект...
Мулоқот бо кормандони Агентии Тоҷикстандарт Мулоқот бо кормандони Агентии Тоҷикстандарт 17-уми майи соли 2018 дар донишгоҳ вобаста ба нақша – чорабиниҳои Агентии Стандартизатсия, метрология, сертифик...
Иқдоми муҳиму арзанда Иқдоми муҳиму арзанда 11-уми майи соли 2018 бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори садорат дар факултети тиҷорат...
«Диссернет»- марҳилаи нави идомаи ҷанги сард «Диссернет»- марҳилаи нави идомаи ҷанги сард -дар ҳошияи мақолаи «Асардуздӣ. «Диссернет» дурӯғ мегӯяд ё баёнгари воқеъият аст?»- и А. Аҳмадзода («Тоҷикисто...
Довари асосӣ халқ аст! Довари асосӣ халқ аст! Мо мақолаи дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршудаи ба ном рӯзноманигори «озодандеш» Темур Варқиро бо номи «Барои ҲН...
Муқовимат бар зидди терроиризму ифротгароӣ Муқовимат бар зидди терроиризму ифротгароӣ Ҷаҳони имрӯза дар замони равандҳои босуръати глобалӣ ва таҳдиду чолишҳои бузургу бесобиқа дар доираи таҳавв...
Ҷараёни имтиҳони давлатӣ Ҷараёни имтиҳони давлатӣ Кори комиссияи имтиҳоноти давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои шуъбаи ғоибона аз 14.05.2018,...
Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш нашудааст! Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш нашудааст! Ҷамъомади тантанавие, ки санаи 7-уми майи соли 2018 дар донишгоҳ баргузор гардид, ба ҷашни 73-юмин солгарди Ғалаб...
Ҳам илму дониш, ҳам касб ва ҳам ҳунар омӯхта, ба зиндагии мустақилона омода гардем Ҳам илму дониш, ҳам касб ва ҳам ҳунар омӯхта, ба зиндаги... Тибқи нақша - чорабиниҳои садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқи донишгоҳ санаи 07...

Тоҷикистон – маҳди тамаддун, намод аз сулҳ,субот ва тавсеа дар минтақа

 

Навиштаи мазкур натиҷаи сафари чандрӯзаи камина ба кишвари дӯст ва ҳамсояи некамон – Тоҷикистон мебошад, ки барои хонандагони азиз ҷиҳати шинохти бештар аз ин ҳамсоякишвар муфид аст. Кишвари Тоҷикистон бо он, ки мисли кишварҳои дигар, таъми талхи рӯзгорро дар бистари такомули таърихии худ чашида, аммо бо он ҳам мардумони ин сарзамин бо дароят ва фаҳми олӣ, сиёсатмадорони он бо роҳбарии хирадмандона бо пешинаи фарҳангии бузурги мамлу аз корвони тамаддун ва пешрафт, бо заҳмати шаборӯзиашон дарахти тануманди инкишоф, тараққӣ, сулҳ ва таъолиро, ҳамвора пурбор ва бо самар доштаанд.
Тараққ
ӣ ва пешрафти Тоҷикистон, ки дар миёни кишварҳои ҳамсояи худ, улгу ва намуна мебошад, марҳуни талошҳои пайгиронаи мардумони некхоҳ ва некписанде аст, ки бо хушбахтӣ, беҳрӯзӣ ва пешрафти кишварашон, меандешанд.
То
ҷикистон на танҳо дар эҷоди сулҳ барои худ, ки ҳатто барои таъмини сулҳ дар минтақа низ дастовардҳои чашмгире доштааст. Бистари фарҳангӣ, боварҳои инсондӯстона, рафторҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, мардуми тоҷик хушунатситез ва сулҳталаб мебошад.
Шод
ӣ, тараб, сурур ва беҳҷат (шодмон шудан, зебоӣ), таҳаммул, тасомух ва мадоро аз фарҳанги дерпойи мардуми Тоҷикистон мебошад, ки насл андар насл, ба мерос монда, имрӯза ба унвони яке аз кишварҳое, ки сулҳи куллро ба таҷриба гирифта, шинохта мешавад.
Раҳбарии хирадмандонаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон гуна, ки дар ростои таҳқиқи сулҳ ва амният барои кишвараш талоши бедареғ намуда, барои сулҳу салоҳи ҷаҳонӣ ҳам аз ҳар гуна талош дареғ наварзидааст.
Вазъияти имр
ӯзи кишвари Тоҷикистон, ки мардумони он дар сулҳ ва амнияту рифоҳ умр ба сар мебаранд, бароянди мудирияти солим ва кишвардории Ҷалолатмаоби муҳтарам, Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, мебошад, Президенте ки ба манофеъ, рифоҳ ва осоиши мардум ва сулҳи ҷаҳонӣ меандешад.
Зебоиҳои мунҳасир ба фарди То
ҷикистон ва амнияту рифоҳи ҳоким бар ин кишвар, сабаб шудааст, солона ҳазорҳо гардишгари хориҷӣ, ба ин кишвар бираванд ва бо дидани манзараҳои зебо, табиати гуворо, мардумони некхоҳ ва фазои сулҳомез, барои лаҳазоте осудахотир бошанд.
Гиромидошт аз идҳои милл
ӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ дар миёни мардум аз суннатҳои нек ва арзишманде аст, ки фазои зиндагиро мусолиматомез ва зинда нигоҳ доштани фарҳанги пурбори як ҳавзаи тамаддуниро, ба тасвир мекашад.Тоҷикистон ҳамон гуна, ки зодгоҳ ва хостгоҳи Наврӯз аст, меросдор ин фарҳанги азим ҳам мебошад, ки шукӯҳи баргузории Наврӯз дар Тоҷикистон, пайвандҳои бузурги отифиро миёни ворисони аслии як ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ барқарор мекунад ва ҳамасола ҳаққи ин мероси фарҳангӣ, тавассути мардуми тоҷик ба некӣ адо мешавад.
Ҳукумати То
ҷикистон, ки дар баргузории Наврӯз - ин фарҳанги дерпо, саромад ва пештоз аст, бо иҷрои маросими нишотовар, фараҳбахш, иҷрои консертҳо, даъвати меҳмонон, суруру шодмонӣ ва даҳҳои расму ойини дигарро, ки ҳам дарси сулҳу сафо ва самимият дорад, дар маросими Наврӯзи Тоҷикистон баргузор менамояд.
Мардуми То
ҷикистон дар канори соири хубиҳои инсоние ки доранд, мардуми меҳмоннавозанд. Ҳамасола меҳмонони зиёде ки аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, ҷиҳати сайёҳат ва ё иштирок дар рӯзҳои миллӣ ва фарҳангӣ ба ин кишвар меоянд, миннатдори бархӯрди нек ва меҳмоннавозиҳои мардуми тоҷиканд. Гардишгарони хориҷӣ ва меҳмонон зимни хушҳолӣ аз меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон, хотираҳои шириниро низ бо худ мебаранд.
Шаҳри Душанбе яке аз зеботарин шаҳрҳо дар ҳавзаи Осиёи Миёна мебошад, ки аз амнияти комил барх
ӯрдор буда ва дараи Варзоб, ки яке аз сарсабзтарин дараҳо дар ин шаҳр мебошад, ки бо доштани обу ҳавои гуворо таваҷҷуҳи ҳар раҳгузарро ба худ ҷалб мекунад. Ҳамин гуна Суғд аз вилоятҳои зебо ва дидании Тоҷикистон мебошад, ки бо доштани табиати зебо, фабрикаҳои бузургеро дар худ дорад ва ба ҳамин тартиб, шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, Ҳисор ва вилояти Бадахшони Тоҷикистон, аз табиати зебову гуворо бархӯрдоранд.
Дар кулл,
ҷуғрофиёи Тоҷикистон бо доштани шаҳрҳои зебо, манзараҳои диданӣ, табиати гуворо, фазои самимият, амнияти комил, мардумони меҳмоннавоз ва бархӯрди самимона бо меҳмонон ва сайёҳони берунӣ, аз ҷумла аз кишварҳои камназир дар сатҳи ҷаҳон мебошад.
Афғонҳои муқими То
ҷикистон ҳамвора аз рафтори шаҳрвандони ин кишвар, изҳори хушӣ ва ризоят мекунанд, онон ба соддагӣ метавонанд, ба фаъолиятҳои бозоргонӣ, бипардозанд. Рафтору ва равияи неки шаҳрвандон, полис ва умуман мардуми Тоҷикистон, сабаб шудааст, бозаргонони афғон дар бозорҳои ин кишвар ба фаъолияти густурда даст бизананд ва ҳеч гуна ҳаросе ҳам надошта бошанд.
Сарзамини То
ҷикистон, зодгоҳи шоирон, фарҳангиён ва андешварзон будааст. Шоирони номдор ба адабиёти оламшумули тоҷикӣ - порсӣ, шукӯҳ ва ҷалоли ҷолиб зам кардаанд. Бо ин пешинаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ, Тоҷикистон аз нодир кишварҳое ҳаст, ки соҳиби як Ҳукумати нерӯманд ва қонунмадор ба раҳбарии хирадмандонаи Ҷалолатмаоби муҳтарам, Президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Қонун дар саросари ин кишвар болои мардум яксон татбиқ мешавад ва мардум дар партави қонун ва Ҳукумати посухг
ӯ, ба зиндагии мусолиматомези худ идома медиҳанд.
Бо он, ки аз Истиқлоли ин кишвар, 26 сол мегузарад, аммо таҳти раҳбарии волои Президенти ин мамлакат, ба қуллаҳои шомих аз тараққ
ӣ, ва пешрафт даст ёфтааст ва барои фарди тоҷик, заминаитаълиму тарбия, кор ва иштиғол, фароҳам гардида ва мардум нисбат ба Ҳукумат, розӣ ва ба нисбат ба ояндаи худ, умедвор мебошанд.
Мардуми то
ҷик ба Раиси Ҷумҳури ин кишвар, ба унвони Пешвои Миллат, нигоҳ мекунанд. Пешвое, ки зиндагии мардуми тоҷикро сару сомон бахшида ва аз бебанду борӣ, хушунат ва фақру бекорӣ, ҷилавгирӣ кардааст.
Бароямон ҳувайдо гашт, ки Пешвои Миллати то
ҷикон, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, умри азизи хешро дар рози хидмати содиқона ва пешрафт, тараққӣ, сулҳ, субот, сарф карда ва тӯли умри гиромиашонро, аз Худованди манон, таманно медорем.
Ва дар охир, мақолаи хешро бо як шеър аз шоири номдори шимоли Афғонистон, Муҳаммадшарифи Искандар
ӣ, ба поён мебарам:

Тоҷикистони азиз, ҳар кӯҳсорат, дилфиреб,
Рост г
ӯям, гулшану боғу баҳорат, дилфиреб.
Раҳмати Ҳақ бодо ба ҳамчу ту, ки тухме бикишт,
Зодони шахси ғаюру бовиқорат, дилфиреб.
Аз Душанбе то Ху
ҷанд аст, водии зебои ту,
Қиссаҳои нағзу ширин аз диёрат, дилфиреб.

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Асосӣ Politika Siyosi Тоҷикистон – маҳди тамаддун, намод аз сулҳ,субот ва тавсеа дар минтақа