Шуъбаи табъу нашр

Шуъбаи табъу нашр бахши сохтории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар асоси фармони ректори донишгоҳ аз 2-юми октябри соли 2017 дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташкил шудааст.

Шуъбаи табъу нашр зимни иҷро кардани вазифаҳои муҳиму асосии худ ба масъалаи иртибот доштан бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла бо олимону устодон, кормандон, донишҷӯён таваҷҷуҳи вежа ва аҳамияти калон медиҳад. Шуъбаи мазкур дар ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногуни донишгоҳ, аз ҷумла кафедраҳо, раёсати таълим, шуъбаҳо ва факултетҳо дар гузаронидани чорабиниҳо, ҳамоишҳо, конфронсҳо, семинарҳои илмӣ, маъракаҳои фарҳангӣ ва мулоқоту сабқатҳои варзишӣ саҳм мегирад ва дар ин чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо устодону олимон ва донишҷӯёни фаъол барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ ва баланд бардоштани иттилоотнокии донишҷӯён саъю кӯшиш менамояд.

Ҳадафи Шуъбаи табъу нашр – Шуъбаи табъу нашр ташаккулёбӣ ва амалисозии сиёсати ягонаи иттилоотӣ бо мақсади ташкил намудани имиҷи мусбати донишгоҳ.

Коркарди консепсияи сиёсати дохилию берунаи донишгоҳ, барномаҳои ояндадор ва ҷорӣ дар соҳаи алоқа бо ҷомеа ва татбиқи чорабиниҳо оид ба ташаккулёбии афкори умум ба манфиати донишгоҳ бо истифодаи васоити ахбори омма.

Ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи бахшҳои сохтории донишгоҳ оид ба масъалаҳои сиёсати ягонаи иттилоотӣ ва фарҳанги корпоративӣ (корҳои имиҷӣ, фаъолияти тарғиботӣ, намоишгоҳӣ, интернет, нашриётӣ ва полиграфӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ).

Ташкил ва таъмини фаъолияти низоми ягонаи ахбори корпоративии донишгоҳ: Маркази ТВ, идораи рӯзномаи «Тоҷир» ва вебсомонаи донишгоҳ.

Вазифаҳо  Таъмини алоқаи дуҷонибаи босамари роҳбарияти донишгоҳ бо гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа, ниҳодҳои давлатӣ, муассисаҳо, васоити ахбори омма ва ташкилотҳо.

Коркард ва банақшагириии стратегияи тарғиботии донишгоҳ, иштирок намудан дар гузаронидани чорабиниҳо ва кӯшиш кардан дар татбиқи онҳо.

Коркард ва паҳн намудани маводи иттилоотӣ тарғиботӣ оид ба фаъолияти донишгоҳ ва бахшҳои сохтории он.

Таъминоти дастгирии иттилоотӣ – тарғиботии консепсияи пешбурди донишгоҳ дар бозори хадамоти таҳсилотӣ ва дастовардҳои илмӣ.

Коркарди стратегия, банақшагирӣ ва амалигардонии фаъолияти корпоративии васоити ахбори оммаи донишгоҳ: Маркази ТВ, рӯзномаи  «Тоҷир» ва вебсомонаи ДДТТ.

Ба вуҷуд овардани алоқаҳои иттилоотии муносиб байни бахшҳои сохтории ДДТТва ташаккули фазои мусоиди иҷтимоӣ-равонӣ дар дохили донишгоҳ.

Ташкили кардани пажӯҳишҳо доир ба пазируфтани донишгоҳ аз тарафи ҷомеа ва гузаронидани таҳлили ВАО-и минтақавӣ  бо мақсади таҳрири барномаҳои мавҷуда ва сиёсати донишгоҳ дар соҳаи алоқа бо ҷомеа.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top