БОСМАЧӢ КИСТ?  ЧАРО ИМРӮЗ АЗ Ӯ ҚАҲРАМОН МЕСОЗАНД

 

 

Мувофиқи тавзеҳи Фарҳанги забони тоҷикӣ, босмачӣ-ҳаракати  аксулинқилобӣ ва озодихоҳона, ки дар солҳои аввали баъди ғалабаи Инқилоби Октябр дар Осиёи Миёна бо ташаббуси амалдорони сохти амирӣ ва рӯҳониён барои муборизаи мусаллаҳона бурдан бар зидди Ҳокимияти Шӯравӣ ба вуҷуд омада буд. Агар ба таври дигар гӯем, босмачӣ ғоратгар, тороҷгар, зеркунанда, пахшкунанда номгузорӣ шудааст.

Дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ қувваҳое, ки мавқеи иқтисодӣ ва сиёсиро аз даст дода буданд, ин дастаҳоро дар мубориза ба муқобили сохти нав ва барқарор намудани ҳукмронии пешинаашон истифода бурдаанд. Кишварҳои хориҷӣ бошанд, барои дар оянда Осиёи Миёнаро ба зери таъсир ва нуфузи худ гирифтан, дастаҳои босмачиёнро ҳаматарафа дастгирӣ мекарданд.

Дастаҳои босмачиён ба дину мазҳаб, истиқлолияти миллӣ нигоҳ накарда, барои амалӣ кардани нақшаҳои ғаразноки хеш ва аз даст нарафтани молу бойигарӣ, инчунин мақомашон  мардуми осебпазиру  авомро атрофи худ ҷамъ оварда, ба муқобили Ҳокимияти Шӯравӣ мубориза мебурданд.

Меҳнаткашони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дуздию ғоратгарӣ, таҷовуз ба номуси занону духтарон ва қатлу хунрезии ваҳшиёнаи босмачиён ба дод омада, ба муқобили онҳо муборизаи сахти дуру дароз бурданд. Таърих исбот кардааст, босмачиён бо дасти худ садҳо нафарро кушта, хуни ноҳ резондаанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ қаҳрамон набуданд ва нахоҳанд буд.

Имрӯз мо шоҳиди он гардидем, ки роҳбарияти ҲТЭ - и наҳзати исломӣ босмачиёнро қаҳрамон хонда, кирдорҳои ғаразноку ҷоҳилонаи онҳоро қаҳрамонӣ меноманд. Сари он андеша намекунанд, ки ин қаҳрамонҳо бо дасти худ мардумро ғорат намуда, сарсону саргардон ва ғариб кардаанд.  

Агар мо ба солҳои 90 - уми асри гузашта назар андозем, мебинем, ки он ҷабру ситамеро, ки  наҳзату наҳзатиён ба сари миллати тоҷик оварданд, ҳанӯз сад сол қабл ин амалҳоро босмачиён содир намуда буданд.

     Ҳаракати босмачигариро, тавре ки фаъолияти ҳизби мамнуъи наҳзати исломиро халқ этироф накарду аз он рӯ гардонд, дар вақташ мардум дастгирӣ накарда буд. Зеро, халқ дар тамоми қаламрави Тоҷикистони Шӯравӣ аз бозиҳои пасипардагии онҳо огоҳ шуданд.

Мо шукрона аз он мекунем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдати комили миллӣ расидем.

Биёед як бор андеша кунем,  ки зани тоҷик то инқилоб чӣ гуна ҳуқуқу манзалат дошту имрӯз чи обрӯву мартаба дар ҷомеа дорад. То инқилоб ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ  дар Тоҷикистон чӣ  гуна буду имрӯз дар кадом шароит кору зиндагӣ дорем. Муҳиддин Кабирии ҷинояткор бошад, ин ҳамаро нодида гирифта, бо ҳамон ақидаҳои  ифротиаш  хостори ба ҷаҳолат кашидани мардуми Тоҷикистон аст. Фаромӯш кардааст магар, ки халқи тоҷик дигар фирефтаи суханони бепояву бемантиқ ва ваъдаҳои дурӯғини ӯву хоҷагони хориҷиаш нахоҳад шуд ва ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорад, ки ин иғвогарон ҳаёти осоиштаву оромашро халалдор созанд. 

          Имрӯз ҳар яки моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сиёсати сулҳҷӯёнаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, ҷавононро, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбият намоем.

Саидҷон  ЗУБАЙДУЛЛОЕВ,

омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии

ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода

 

 

 

 

 

 

 

 

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top