Вокуниш оиди суханронии Муњиддин Кабирӣ вобаста ба суолњои ба ӯ пешниҳодшуда

Тавре, ки хабар дорем собиќ раиси ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муњиддин Кабирӣ, тасмим гирифтааст,  ки бо таври мустаќим ба суолҳои ба ӯ пешниҳодшудаи мардум ҷавоб гардонад. Ҳоло бошад ӯ худро ҳамчун роҳбари Паймони милли тоҷикон эълон намудааст. Ин шахси бадхоҳу бадсиришти миллат боз бо ҳамон ниятҳои нопоки худ, ки соли 2015 таҳрезӣ намуда буд ва хушбахтона ба мақсадҳои худ нарасид, имрӯз боз бо ин васила мехоҳад сиёсати сулҳҷӯёнаи имрӯзаи давлату ҳукуматро ба доми худ андозад. Дар суханронии худ эшон изҳор намудааст, ки гуё ӯ ҳангоми ба конфронс рафтанаш иҷозат надода бошанд. Ҳангоме, ки ӯ аз Малайзия ба шаҳри Туркия меравад, алайҳи ӯ беасос парвандаи ҷиноӣ оѓоз карда мешавад. Вале дар асл ҳангоми кофтукови утоқи кориаш яқ қаттор нақшаҳо дарёфт гардид, ки ба биноҳои ниҳоят муҳими давлативу ҷамъиятӣ зарар бояд мерасид. Роҳбаре, ки чунин нақшаҳоро дар худ дошт, чӣ тавр метавонад имрӯз роҳбарии чунин як Паймони милли тоҷиконро пеш барад? Бояд дар хотир дошт, ки бадхоҳони давлату миллат аз азал буд, ҳаст ва хоҳад монд.

 

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top