«Сюрприз»-и Кабирӣ ба Роғун

         НБО «Роғун» аз ибтидо то ба имрўз ба мисли миллати тоҷик ҷафои бисёре дидааст, аммо дар назди душманиҳои дохиливу беруна қомат хам накард. Лоиҳаи НБО «Роғун» чандин санҷиши байналмилалиро паси сар намуда, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфт. Агар бархе аз ҷоҳиливу нодонии худ нисбати ин тарҳ мухолифат доштанд, аммо бархе дигар ба ҳадафҳои сиёсӣ душмани ин сохтмони тақдирсози тоҷик ҳастанд. Ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ аз ҷумлаи яке аз душманони асосии миллати тоҷик ба шумор меравад, ки ҳар як пешравии Тоҷикистон чашми дидан надорад. Агар чунин намебуд онҳо ба шодии мардуми тоҷик аз оғози фаъолияти чархаи аввалини НБО «Роғун» «сюрприз» намекарданд ва ин «туҳфаи идона»-и онҳо ташкили «ошўби маҳбусон» дар маҳбаси низомаш пурзўри рақами 3 буд.

         Аслан он амали террористӣ аст, ки қаблан тарҳрезӣ шуда, барои паст кардани имиҷи Тоҷикистон ва роҳбарияти он дар арсаи ҷаҳонӣ, бахусус дар арафаи баистифодадиҳии агрегати нахустини НБО «Роғун» равона гардида буд. Вале ҳангомасозон ва «ҳомиёни ҳуқуқ» ин ҳодисаро ошўби зиндониён ба муқобили шиканҷа ва бадрафторӣ баҳо медиҳанд. Ташкилоти террористию экстремистии наҳзат ки  ташкилкунандаи ин ҳодиса аст, худро бегуноҳ вонамуд намуда, даъвои адолат ва ҳақиқат менамояд.

Агар исёни маҳбусони маҳбаси рақами 3 талош барои ҳуқуқи инсон, мубориза аз барои ноадолатӣ ва шиканҷа нисбати маҳбусон мебуд, он дар арафаи ҷашни сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ё рўзи 6 ноябр амалӣ мешуд ва онро ҳамчун даъват ба эҳтироми ҳуқуқи маҳбусон фаҳмида мешуд. Вале чун ошўби маҳбусон баъд аз ҷашни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ин баёнгари он аст, ки ҳадафи асосии ташкилкунандагони он халалдор кардани имиҷи мусбати Тоҷикистон аст.  Барои ТТЭ наҳзат пешравии Тоҷикистон як зарбаи мудҳиш аст ва аз ин рў, дар замоне ки ба Тоҷикистон журналистони хориҷӣ бештар меоянд, онҳо ин нақшаи худро амалӣ намудан хостанд.

Бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои хориҷӣ дар асоси гузоришҳои нодурст ва маводи ғаразноки душманони миллати тоҷик ба ҳодисаи маҳбаси рақами 3 назар доранд ва ҷиноятро дуруст дарк накардаанд.  Дар маҳбаси низомаш пурзўри рақами 3 асосан афроди мутаҳам ба терроризм ва экстремизм нигаҳдорӣ мешавад ва ҳоло маълум гардид, ки дар ташкили ин «ошўб» Кабирӣ ва сарпарастони он даст доранд. 

         Дар замоне ки таваҷҷуҳи давлатҳо ва ширкатҳои тиҷоратию саноатӣ ба сохтмони НБО «Роғун» бештар гардид, ин «ошўб»-и фармоишии наҳзатро ҳамчун як душмании навбатии он ба миллати тоҷик арзёбӣ кардан мумкин аст.

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top