Ошкор намудани ҳақиқат вақт мехоҳад

            Ба ҳамагон маълум аст, ки барои аниқу дақик муайян намудани ҳар як қазия моҳҳо ва ҳатто солҳо лозим меояд. Бинобар ин дар ҳаллу фасли қазияҳо, махсусан қазияҳое, ки характери террористиву экстремистӣ ва зиддидавлатӣ доранд, саросема шудан ҳеҷ мумкин нест.

           Дар шабакаҳои интернетӣ навиштаанд, ки санаи 4 ноябри соли равон аз тарафи кормандони КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини шаҳри Ваҳдатро бо номи Суҳроб бо ҳаммаслаконаш дастгир намуданд, ки нияти тарконидани пойгоҳи низомии – 201-и Руссияро доштанд.

           Дар мақола омадааст, ки авввал хабарнигорони КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қазияро ьеасос ҳисобиду баъди як рўз иттилоъ дод, ки дар ҳақиқат қасди тарконидани пойгоҳи низомии 201-и Руссия воқеият будааст ва дастгиршудагон, ки шумораашон ба 12 нафар мерасанд, инро пурра тасдиқ намуданд.

          Бояд зикр кард, ки то факту далелҳои собиткунанда набошад, касеро гунаҳгор кардану нисбаташ ҷазо муайян намудан лозин ест ва ин нишонаи камтаҷрибагию саҳлангорист.

           Баъди як рўзи пурсупос маълум гардид, ки дар ҳақиқат Суҳроб ва ҳаммаслаконаш бо маслиҳати пешакӣ қасди тарконидани ин пойгоҳи низомии Руссияро намудаанду вале ба мақсадҳои нопокашон нарасидаанд. Бояд иттилоъ дод, ки Суҳроб дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок доштаасту далати Руссияро «зидди дин» эътироф карда, мехостааст аз онҳо интиқом гирад. Зеро дар Сурия Давлати Руссия бар зидди мусалмонҳо гўё мубориза мебурдааст.

          Паст будани сатҳи дониши сиёсиву танг будани ҷаҳонибинии Суҳробу ҳаммаслаконаш онҳоро ба чунин ҷиноятҳои вазнин тела додааст. Агар ў ва ҳаммаслаконаш дониши хубу мукаммал ва маърифату ҷаҳонбинии баланд медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба чунин корҳо даст намезаданд. Дар куҷо дини поку беолоиши Ислом инсонҳоро ба куштору қатл ҳидоят намудааст? Дини поки Ислом танҳо одобу ахлоқи ҳамида,  дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва  эҳтироми якдигариро тарѓиб менамояду халос, зеро ба қавли Малоно Ҷалолиддини Балхӣ:

Мо дар ин дунёи дурўза ҳама меҳмонем,

Боадаб бош, ки хосияти меҳмон адаб аст.

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top